Пайвандҳои дастрасӣ

Дар чанд соли ахир таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик барои офаридани нақш дар филмҳо афзоиш ёфтааст.

Неъматуллои Акбарзод, ки дар як филм нақши асосии мусбатро бозидааст, мегӯяд, дар озмуне барои интихоби ҳунарпешагони ҷавон иштирок кард ва бо ҳамин роҳаш ба синамо боз шуд.

Неъматулло Акбарзод
"Барои ман шахсияти меҳварӣ ё худамро муаррифӣ кардан дар синамо чандон муҳим нест, балки дар синамои миллӣ хидмат кардан аст. Хуш надорам, ки ҳамчун Неъматулои Акбарзод шинохта шавам ва тавассути телевизион ва намоишҳо, балки синамои миллӣ рушд кунад"
,-илова кард ӯ.

Ихтисоси Неъматулло хабарнигорист ва дар ин соҳа фаъолият ҳам кардааст. Аммо ҳоло пурра ба синамо худро бахшиданӣ аст ва мехоҳад, ки дар рушди синамои миллӣ саҳм бигирад.

Дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир филмҳои зиёде рӯи навор омадаанд, ки ҷавонон дар онҳо нақши асосиро иҷро мекунанд.

Ба гуфтаи ҳунармандони бособиқаи кинои тоҷик, ҷавонон ба осонӣ мехоҳанд, ки ба истилоҳ "ситора" шаванд ва нақш бозидани онҳо дар филм ва намоиш додани он тавассути телевизион ва наворҳои дискӣ, онҳоро зудтар ба мақсад мерасонад.

Нуруллоҳи Абдулло
Нуруллои Абдулло ҳунарпешаи тоҷик мегӯяд, "аксари ҷавонони мо тақлид ба ҳунарпешагони синамои Ҳиндро доранд. Аз ин рӯ, мехоҳанд, ки ба осонӣ ситора шаванд. Хурдтарин завқи дар дил доштаи ҷавонон дар филмҳои нав "ҷомаи амал мепӯшад", вале ба сатҳи синамои тоҷик латма мезанад."

Аммо Орзу Ҳамидов, таҳлилгари ҷавон, бар ин назар аст, ки "камбуди молӣ дар шароити иқтисодии кишвар таҳиягарони филмҳоро ба он водор кардааст, то аз нерӯи ҷавонони ғайриҳирфаӣ, бекор истифода бикунанд.

Вай афзуд, имрӯз теъдоди филмҳои тоҷикӣ кам аст ва ин халои синамоӣ ба он оварда расонидааст, ки ҷавонон филм бисозанд ва дар ҷомеае, ки аксарияти шаҳрвандонаш ба мушкили бекорӣ рӯ барӯст, ин роҳи пайдо кардани шуғл аст.

Бо ин ҳол Неъматуллои Акбарзод мегӯяд, дар олами синамо ҳастанд ҳунармандоне, ки аслан пешаи актёрӣ надоштанд, аммо муваффақ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG