Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Энергетик” ва “Хайр” дар финали "Ҷоми Долтабоев"


Бозии "Хайр" ва "Равшан" (Акс аз бойгонӣ)

Бозии "Хайр" ва "Равшан" (Акс аз бойгонӣ)

Дастаҳои футболи "Энергетик”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат ба бозии ниҳоии сабқати интихобии Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев дар минтақаи шаҳри Душанбе роҳ ёфтанд.

”Энергетик” дар бозии ниманиҳоӣ, ки 21-уми феврал дар варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов баргузор шуд, бар ҳайати ҷавонони “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ “Хайр” бар тими “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби 7:2 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб дастаҳои «Энергетик” ва “Хайр” дар бозии ниҳоӣ, ки 23-юми феврал соати 12:00 дар майдони футболи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон шурӯъ мешавад, қувваозмоӣ мекунанд.

Пеш аз ин бозӣ соати 10:00 дар ин майдон дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Гвардия” барои ҷои севум талош хоҳанд кард.

Мавқеи дастаҳо дар сабқати гурӯҳӣ

Гурӯҳи “А”

“Регар-ТадАЗ-1” 4 3 0 1 11-3 9
“Гвардия” 4 2 1 1 5-7 7
“Шодмон” 4 2 0 2 7-7 6
“Локомотив” 4 1 1 2 5-12 4
ССКА “Помир” 4 1 0 3 7-7 3

Гурӯҳи “В”

“Хайр” 4 4 0 0 20-3 12
“Энергетик” 4 3 0 1 18-5 9
“Истиқлол-2” 4 1 1 2 12-7 4
“Регар-ТадАЗ-2” 4 1 1 2 3-10 4
РШВСМ 4 0 0 4 2-20 0

Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, бар асоси низомномаи мусобиқа 4 дастаи беҳтарин аз минтақаи Душанбе (”Энергетик”, “Хайр”, “Регар-ТадАЗ” ,“Гвардия”) ва дудастаӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон дар марҳилаи ниҳоӣ, ки 3-юми март дар пойтахти кишвар шурӯъ хоҳад шуд, барои ба даст овардани Ҷоми Рустам Долтабоев рақобат мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG