Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Яман баъди бохт дар интихобот аз мақом меравад


Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдулло Солеҳ изҳор намуд, ки мақоми худро фақат баъд аз бохт дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ тарк хоҳад кард. Аз ин пеш ӯ эълом дошт, ки дар интихоботи президентии соли 2013 ширкат намекунад.

Алӣ Абдулло Солеҳ беш аз 30 сол боз раҳбарии Яманро бар дӯш дорад.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои ӯ беш аз як ҳафта боз идома мекунанд. Рӯзи душанбе дар шаҳри Аден бар асари задухӯрди тазоҳургарон бо нерӯҳои амниятӣ як нафар кушта шуд. Аз оғози намоишҳои оммавӣ дар Яман 12 нафар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG