Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон чанд бинои Триполиро ба оташ кашиданд


Дар шаҳри Триполӣ, пойтахти Либия, задухӯрдҳо миёни мухолифони Муаммар Каззофӣ ва нерӯҳои амнятии кишвар идома доранд . Бар пояи хабарҳо, эътирозгарон чанд бино, аз ҷумла, сохтмони ҳукумат ва бинои ширкати давлатии телевизиониро ба оташ кашиданд.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди қурбониён бар асари эътирозҳои густардаи шабонарӯзи гузашта дар Либия аз марзи сад нафар убур кард. Ба иттилоъи созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch, тайи тақрибан як ҳафтаи тазоҳурот 233 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дирӯз намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раҳбари кишвар Муаммар Каззофӣ аз манотиқи шарқӣ ба пойтахти Либия шаҳри Триполӣ интиқол ёфт.


Сайфулислом, писари Каззофӣ, дар як суханронӣ аз тариқи телевизион гуфт, ки эътирозгарон бархе аз пойгоҳҳои низомиро забт карда, силоҳи зиёдеро мусодира кардаанд ва Либия дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз бояд парлумони кишвар мавзӯъи ислоҳоти заруриро баррасӣ кунад. Ҳамзамон Сайфулислом афзуд, ки ҳукумат то охирин қатраи хун барои дифоъи худ мубориза хоҳад бурд.

Писари Каззофӣ ҳамчунин хабарҳо дар бораи кушта шудани теъдоди бузурги тазоҳургаронро рад кард ва гуфт, ки дар шаҳри Бинғозӣ на 200 кас, балки ҳамагӣ 14 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG