Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Уммон дар сабқати интихобии олимпӣ


Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар нахустин бозии сабқати интихобии Олимпиадаи соли 2012 дар минтақаи Осиё рӯзи 23-юми феврал дар шаҳри Масқат бо тими Уммон рақобат хоҳад кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки ба он Шариф Назаров раҳбарӣ мекунад, 17 футболбози ҷавон аз 7 бошгоҳи лигаи олии кишвар шомиланд: дарвозабонҳо - Фаррух Бердиев («Парвоз»), Миралӣ Муродов («Энергетик»); ҳимоятгарон - Сергей Абрамов, Эраҷ Раҷабов (ҳарду – «Истиқлол»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Павел Калугин, Аҳтам Назаров, Адиб Мародмамадов (ҳама– «Энергетик»);
нимҳимоятгарон - Самад Шоҳзуҳуров, Абдусамад Ҳоҷибоев (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Абдуқаюм Қарабоев, Умедҷон Шарифов (ҳарду – «Вахш»), Расул Файзов, Бахтиёр Чориев (ҳарду – «Энергетик»), Ҷаҳонгир Ҷалилов («Истиқлол»); ҳамлагарон - Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»), Фарҳод Тоҳиров («Истиқлол»).

Бозии ҷавобии дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Уммон 9-уми март дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.
Бояд тазаккур дод, ки барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон 35 дастаи мунтахаби олимпии кишварҳои қораи Осиё мубориза хоҳад бурд. Дар даври муқаддамотӣ 22 даста, ки аз рӯи натоиҷи сабқати интихобии пешин рейтинги камтар дорад, бар асоси қуръакашӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Баъдан 11 дастаи ғолиби даври муқаддамотӣ рӯйхати 13 дастаи мунтахабро пурра мекунад ва дар даври дуввум 24 даста вориди рақобати ҷуфтӣ хоҳад шуд. Сипас 12 дастаи беҳтарин бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим хоҳад шуд.

Ғолибони гурӯҳҳои интихобӣ соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиада Лондон мешаванд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуввумро мегиранд, дар сабқати изофии даврӣ дастаи ширкаткунандаи плей-оффи байниминтақавиро муайян мекунанд. Конфедеросиюни футболи Осиё дар сабқати олимпии футбол 3,5 ҷой мегирад.
XS
SM
MD
LG