Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар Қундуз 26 кушта бар ҷой гузошт


Бар асари таркиш дар вилояти Қундуз, воқеъ дар шимоли Афғонистон, дасти кам 26 нафар кушта ва тақрибан 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Муҳаммад Айюб Ҳақёр, як мақоми ҳукумати вилоят гуфт, маргталаб худро дар издиҳоми мардуме дар як бинои ҳукуматии ноҳияи Имом-Соҳиб тарконидааст, ки барои дарёфти шиноснома омада буданд.

Ҳамлаву амалҳои террористӣ дар вилояти Қундуз, ки яке аз манотиқи ороми Афғонистон маҳсуб мешуд, моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG