Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хирси тилоӣ" насиби коргардони эронӣ шуд


«Хирси тилоӣ», ҷоизаи асосии ҷашнвораи Берлинро филми «Ҷудоии Нодир аз Симин»-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ ба даст овард

Ин филм, ки достони ҷудо шудани як зану шавҳари эронӣ ва даъвои ин мард бо парастори падараш дар додгоҳро ривоят мекунад, яке аз 16 филме буд, ки дар бахши сабқатии ҷашнвораи Берлин ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ҷараёни ин ҷашнвора ба Ҷаъфари Паноҳӣ, коргардони дигари эронӣ, ки ду сол қабл барандаи ҷоизаи аввали ҷашнвораи Берлин шуд, вале дар пайи ошӯбҳои пасоинтихоботии Эрон ба 6 соли зиндон ва 20 соли маҳрумият аз ҳаққи филмсозӣ ва мусофират ба хориҷ маҳкум шуд, низ арҷгузории бесобиқае сурат гирифт. Расми ифтитоҳи ҷашнвораро курсии холие «зеб» медод, ки ба гуфтаи созмондиҳандагони ҷашнвораи Берлин, курсии Ҷаъфари Паноҳист. Ӯро ҳатто ба ҳайъати доварони ҷашнвора ҳам даъват карданд, вале ба далели ҳукми зиндон, Паноҳӣ натавонист худро ба Берлин бирасонад.

Вале Асғари Фарҳодӣ ҳам вақте барои гирифтани «Хирси тилоӣ» ба минбар баланд шуд, аз Ҷаъфари Паноҳӣ ба гармӣ ёд кард ва гуфт, умедвор аст, дар ҷашнвораи оянда ӯро дар ин толор бубинад. Аммо далели баранда шудани маҳз филми «Ҷудоии Нодир аз Симин» дар Берлин чӣ буд? Бо ин суол Мониё Мансур, ки дар Радиои Фардо масоили фарҳангӣ, аз ҷумла филму филмсозиро пайгирӣ мекунад чунин посух дод:

XS
SM
MD
LG