Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Исфара марди мусаллаҳеро ҷустуҷӯ доранд, ки сокинонро бо норинҷак таҳдид кардааст.

Як манбаъ аз ноҳияи Исфара, мегӯяд, бо вуҷуди он ки кормандони интизомӣ хона ба хона гашта ин мардро ҷустуҷӯ доранд, вале то ҳол натиҷае ба даст наомадааст.

Ин манбаъ афзуд, субҳи рӯзи шанбеи 19-уми феврал се сокини маҳаллӣ дар як хонаи бесоҳиби деҳаи Кулканд, як фарди ношиносеро дидаанд, ки дарро шикаста, вориди он ҷо шуда буд.

Сокинони маҳаллӣ хостаанд, ӯро боздошт кунанд ва борхалтаи ӯро аз китфаш андохтаанд. Аммо фарди ношинос аз ҷайби худ норинҷакро берун оварда, бо таҳдиди тарконидани он, халос ва фирор кардааст.

Дар борхалтаи сафарии фарди фироркарда як силоҳи худкор бо тирдон ошкор шудааст.

Бино бар маълумоти расида аз Исфара, деҳаҳои наздик ба Кулканд ва ҷодаву роҳҳои мошингард низ таҳти назорати кормандони интизомӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Шӯрои деҳоти Кулканд, ду сокини ин деҳа низ ба гумони ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон мавриди ҷустуҷӯи мақомоти интизомӣ будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG