Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар-ТадАЗ” дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Тоҷикистонро дар мусобиқаи XVII байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон, ки аз 20-ум то 28-уми феврал дар шаҳрҳои Ишқобод ва Ободон баргузор мешавад, намояндагӣ мекунад.

Дар мусобиқаи имсола 8 даста аз 6 кишвар ширкат дорад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. “Регар-ТадАЗ” дар гурӯҳи «В» бо «Небитчӣ» (Балканобод), қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Туркманистон, «Шексна” (Череповетс, аз дивизиони дуввуми Русия) ва “Марв” (Марв, Туркманистон) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Ганҷасар» (Капан, Арманистон), «Олтин Асир» (Ишқобод, Туркманистон), «Анжи” (Махачқалъа, Русия, ҳайати ҷавонон) ва "Огаб Гунбад" (Гунбад, Эрон) дохиланд.

Бар асоси низомномаи ин мусобиқа аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони он ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷои севум мубориза мебаранд.

Маблағи ҷавоизи ин мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки дар ҷои севум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида хоҳанд шуд.

“Регар-ТадАЗ” дар нахустин бозиаш 21-уми феврал бо дастаи "Небитчӣ"-и Туркманистон қувваозмоӣ мекунад. Бозӣ пас аз маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа соати 18:00 дар варзишгоҳи "Олимпӣ"-и Ишқобод шурӯъ мешавад.

Рӯзи якшанбе, 20-уми феврал, ду бозии даври аввал дар гурӯҳи “А” баргузор шуд ва бо чунин натиҷа ба анҷом расид: “Олтин асир” (Ишқобод) - “Ганҷасар” (Арманистон) – 0:1 (гол – Н.Григорян, дақиқаи 51-ум), “Анжи” (Махачқалъа) - “Огаб Гунбад” (Эрон) – 1:1 ( голҳо – Магомед Мирзобеков, дақиқаи 8-ум, “Анжи”, Алиакбар Муҳаммадӣ, дақиқаи 32-юм).

Тақвими бозиҳо

21 феврал
(Варзишгоҳи «Олимпӣ»)

14.00 «Шексна» – «Марв»
17.00 Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа
18.00 «Небитчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

22 феврал
(Варзишгоҳи «Олимпӣ»)


15.00 «Олтин асир» – «Огаб Гунбад»
18.00 «Ганҷасар» – «Анжи»

23 феврал
(Варзишгоҳи «Ободон»)


15.00 «Регар-ТадАЗ» – «Шексна»
18.00 «Небитчӣ» – «Марв»

24 феврал
(Варзишгоҳи «Олимпӣ»)


15.00 «Огаб Гунбад» – «Ганҷасар»
18.00 «Анжи» – «Олтин асир»

25 феврал
(Варзишгоҳи «Ободон»)


15.00 «Регар-ТадАЗ» – «Марв»
18.00 «Шексна» – «Небитчӣ»

26 феврал
1/2 финал (Варзишгоҳи «Ободон»)


15.00 Ғолиби гурӯҳи «А» – Дастаи ҷои дуввуми гурӯҳи «В»
18.00 Ғолиби гурӯҳи «В» – Дастаи ҷои дуввуми гурӯҳи «А»

28 феврал
(Варзишгоҳи «Олимпӣ»)


14.00 Бозӣ барои ҷои 3-юм
17.00 Финал
XS
SM
MD
LG