Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот гуфтаанд, ки дар тӯли се рӯзи оянда ба мушкили сокинони Қӯштеппа расидагӣ хоҳанд кард.

Субҳи рӯзи душанбе, 21-уми феврал, ҳудуди сӣ сокини ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар назди бинои раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таҷаммӯъ карданд.

Тахриби манозили онҳо бидуни огоҳии қаблӣ, сабаби таҷаммӯи ин занон дар рӯбарӯи қасри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон шудааст.

Намояндагони дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдиҳамомадагон ваъда кардаанд, ки шикояти онҳоро бо мақомоти маҳаллӣ баррасӣ хоҳанд кард. Онҳо гуфтаанд, сардори давлат дар давоми рӯз 3 нафари онҳоро ба ҳузур хоҳад пазируфт. Сипас, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷамъомадагонро ба проканда шудан даъват кардаанд.

Дертар, сокини шаҳраки "Якуми май"-и ҷамоаи "Русия" (Қӯштеппа), Тӯхтахон Усмоновa ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст: "Сухани моро намояндаи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ шунид ва ваъда кард, ки аризаамонро ба раиси ҷумҳур хоҳад расонд. Ба ғайр аз ин ба мо ваъда карданд, ки барои таҳқиқи масъала бо ҷалби намояндагони ниҳодҳои марбута як кумиссияи давлатӣ таъсис ёфта, рӯзи 23-юми феврал ба ҷои воқеа меояд ва масъаларо ҳал мекунад."

Ба қавли сокинони Қӯштеппа, шоми ҷумъа, 18-уми феврал, кормандони умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ ба маҳалаи онҳо омада, бидуни огоҳии пешакӣ ба тахриби манзилҳои зисташон оғоз кардаанд.

Тақрибан ҳудуди 50 манзил хароб карда шудаааст, ки дар онҳо тоза соҳибонашон ба зиндагӣ оғоз кардаанд ва дар баъзеи дигар ҳоло соҳибонашон ворид нашудаанд.
Тафсилоти бештар дар ин ҷост:
Тахриби манзилҳои зист дар Қӯштеппа


Маҳаллаи Қӯштеппа дар канори шаҳри Душанбе дар тарафи чапи ҷодаи Душанбе- ноҳияи Рудакӣ воқеъ аст.

Ба қавли соҳибони манзилҳо, корманди милиса ҳамроҳ бо намояндагони масъули ҳукумати ноҳия ба ин маҳалла омада нахуст хати лӯлаи об, сипас сими барқи ин манзилҳоро қатъ намуда ба хароб кардани хонаҳо бидуни огоҳии пешакӣ оғоз кардаанд. Инҳо манзилҳое ҳастанд, ки соли 2006 бо қарори Додситони кулли Тоҷикистон пас аз як бозрасии гурӯҳи кории Додситонӣ иҷозаи сохтмон дода шудааст.



Сокинони Қӯштеппа мегӯянд, танҳо пас аз иҷозаи Додситонии кулл ва амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба сохтмони ин манзилҳо даст задаанд, вале имрӯз ба онҳо мегӯянд, ки сохтмони онҳо ғайриқонунӣ аст.

Ба қавли сокинони Қуштеппа, кормандони милиса гуфтаанд, дафъаи дигар марҳилаи дуввуми тахриби хонаҳо дар ин маҳалларо оғоз хоҳанд кард. Манзилҳое тахриб карда мешавад, ки тайи панҷ-шаш соли ахир хонаводаҳо ба сар мебаранд.Дар онҷо хонаҳои гаронқимат ба қавли сокинони Қуштеппа аз 100 то 500 ҳазор доллар арзиш доштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG