Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳони ислом дар панҷаи ошӯбҳо


Намоишҳои эътирозӣ дар Яман
Намоишҳои эътирозӣ дар Яман

Эътирозҳои мардумӣ дар бисёре аз кишварҳо шабеҳи сӯхтори бузурге шудааст, ки хомӯш карданаш ба осонӣ муяссар намешавад.

Ва агар раҳбарони Эрон эътирозҳои Мисрро дар оғоз марҳалаи наве аз бедории ҷаҳони ислом ва обхӯрда аз инқилоби исломии 32 сол пеши кишвари худ мехонданд, ҳоло худ гиҷ шудаанд, ки бо авҷи нави эътирозҳо дар худи Эрон чӣ кунанд ва ин падидаро чӣ биноманд?

Нооромиҳо дар Эрон мавҷ мезанад

Бино ба хабарҳои расида аз сомонаҳои мухталифи мухолифони Эрон, эътирозҳо дар Теҳрон рӯзи якшанбе аз сар гирифта шуд. Ин хабарҳо аз сӯи манобеи дигар ҳанӯз такзиб ё тасдиқ нашудааст, вале бино ба гузориши ИРНА, хабаргузории расмии Эрон, Фоиза Ҳошимӣ, духтари раисиҷумҳури собиқи Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дирӯз дар Теҳрон бо иттиҳоми “рафтори таҳрикомез” барои як муддати кӯтоҳ боздошт шудааст.

Мухолифони Эрон дирӯз ба хотири гиромидошти хотираи ду нафаре, ки дар даргириҳои рӯзи 14 феврал байни тазоҳургарон ва нирӯҳои амниятӣ дар пойтахти Эрон кушта шуданд, ба як раҳпаймоии дигар даъват карданд. Мухолифин мегӯянд, ки онҳоро нирӯҳои давлатӣ куштаанд. Сомонаи “Калима” навишт, ки раҳпаймоиҳо аломати “мубориза алайҳи диктатураи рӯҳонӣ” дар Эрон хоҳад буд.

Аммо вазири умури дохилии Эрон, Мустафо Муҳаммад Наҷҷор, ҳушдор додааст, ки мухолифон дар сурати ба хиёбонҳо рехтанашон саркӯб хоҳанд шуд.

Дирӯз мунтақидони режими Ҷумҳурии исломӣ ба консулгарии Эрон дар Франкфурти Олмон низ ҳамла кардаанд. Полиси Олмон мегӯяд, тазоҳургарон, ки шуморашон аз 50 то 100 нафар бароварда мешавад, шишаи тирезаҳои консулхонаи Эронро шикастаанд.

Абдулло Солеҳ "ақиқи яманӣ"-ро аз даст доданӣ нест

Дирӯз ҳамин тавр, ҳудуди 3000 донишҷӯ дар Санъо, пойтахти Яман, истеъфои раиси ин ҷумҳурӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро талаб карданд. Ҳазорон нафари дигар дар шаҳрҳои Иббу Тоиз алайҳи Солеҳ ташкили тазоҳурот кардаанд. Солеҳ, ки инак 32 сол боз бар Яман ҳукумат меронад, дирӯз бори дигар аҳзоби мухолифро ба муколама бо ҳукуматаш даъват кард. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа дар ҷараёни эътирозҳои Яман 5 нафар кушта ва рӯзи шанбе 5 тани дигар захмӣ шуданд. Шоҳидон дар бораи ҳалокати боз як тазоҳургар дар рӯзи шанбе низ хабар медиҳанд, вале мақомоти Яман ин хабарро рад мекунанд. Эътирозҳои зидди давлати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, инак як моҳ боз идома дорад.

Боди шурта дар муқобили "хайма"-и Қаззофӣ


Кишвари дигари арабие, ки дар панҷаи ошӯбҳо қарор гирифтааст, Либия аст, ки дар он мардум алайҳи ҳукумати 42-солаи Муаммар Қаззофӣ эътироз мекунанд. Писари раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ таҳти тасарруфи эътирозгарон гузаштани бархе пойгоҳҳои низомӣ ва тонкҳоро таъйид кардааст. Сайфулислом Қаззофӣ дар як паёми телевизионӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки метавонад конҳои нафташро ба коми оташ бикашонад, ҳушдор дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, артиш дар ҷараёни эътирозҳо ба иштибоҳҳое роҳ дод, чунки ба набард бо тазоҳургарон омода набуд. Бино ба хабарҳо, ошӯбҳо ба пойтахти Либия, Троблус густариш ёфта, эътирозгарон дар майдони Сабзи пойтахт бо тарафдорони Қаззофӣ вориди даргирӣ шудаанд. Артиш мегӯяд, Бенғозӣ, дуввумин шаҳри бузурги Либияро “раҳо” кардааст.

Дирӯз намояндаи доимии Либия дар Лигаи давлатҳои араб Абдулмунъим ал-Ҳонӣ эълон кард, ки аз ин мақом ба хотири “пайвастан ба инқилоб”-е, ки кишварашро фаро гирифтааст, аллакай рӯзи шанбе канор рафта, вазорати умури хориҷии Либияро аз ин тасмимаш дар ҷараён гузоштааст.

Human Rights Watch мегӯяд, аз рӯзи чоршанбе ба ин сӯ дар ошӯбҳои зидди Қаззофӣ дар Либия дастикам 104 нафар кушта шудаанд. Аммо манобеи бемористонӣ ба ББС шумори кушташудагонро беш аз 200 нафар ва теъдоди захмиёнро 900 тани дигар баршумурдаанд. Нирӯҳо рӯзи шанбе дар Бенғозӣ, дуввумин шаҳри бузурги Либия, алайҳи тазоҳургарон оташ кушодаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, шаҳр ғарқи беназмист ва нирӯҳо болои издиҳом аз силоҳҳои ҷангӣ оташ кушода, снайперҳо аз боми манзилҳо тазоҳургаронро нишон мегиранд. Таъйид ё такзиби ин хабарҳо ба иллати манъи вуруди хабарнигорони хориҷӣ ба Либия ғайримумкин шудааст.

Бо ин ҳол, дирӯз раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Авоупо, Кетрин Эштон, бо изҳори нигаронӣ аз рӯйдодҳои Либия ин кишварро ҳушдор дод, ки хушунат алайҳи эътирозгаронро бас кунад.

Шоҳи Баҳрайн бо мухолифон музокирот мекунад

Ҳазорон нафар аз тазоҳургарон, ҳамин тавр, дар майдони Лӯълӯи пойтахти Баҳрайн боқӣ монда, 7 ҳизби умдаи мухолифи ин кишвари халиҷи Форс ҳукумати шоҳиро ба як муколамаи миллӣ даъват кардаанд. Валиаҳди Баҳрайн Шайх Салмон ал-Халифа, ки муовини фармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар низ ҳаст, рӯзи шанбе ба хуруҷи нирӯҳо аз хиёбонҳо амр дода, ба оромӣ ва музокироти сиёсӣ бо мухолифин даъват кардааст. Аксари ҷамъияти Баҳрайнро шиъаҳо ташкил медиҳанд, вале бар он хонаводаи амирони суннӣ аз сулолаи ал-Халифа раҳбарӣ мекунад.

Доманаи нооромиҳо то Марокаш...

Дирӯз дар Марокаш, як кишвари низ подшоҳӣ ва то ҳол ороми арабӣ низ ҳазорон нафар бо талаби ислоҳот ва коҳиши салоҳиятҳои амир Муҳаммад ба хиёбонҳо рехтанд. Ва подшоҳи Урдун амир Абдуллоҳи дуввум ба дунболи мавҷи эътирозҳо дар ин кишвари Ховари Миёна хостори ислоҳоти сареъу воқеъӣ, муколамаи фарогир ва талошҳои бештар ба хотири аз байн бурдани фасод шудааст.

Чунин ба назар мерасад, ки мавҷи эътирозҳо дари давлатҳои мусалмониро ба рӯи ислоҳот бозтар мекунад. Вале суол ин аст, ки оё беҳтар набуд, ки ҳанӯз косаи сабри мардумон лабрез нашуда, ҳокимон гӯш ба ниёзҳову хостҳои раияти худ медоданд?
XS
SM
MD
LG