Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Убури киштиҳои Эрон аз Суетс ба таъхир уфтод


Убури ду киштии Эрон тавассути канали Суетс, бино ба хабарҳо, барои 48 соат ба таъхир уфтодааст. Ин ду киштӣ бояд субҳи имрӯз аз ин канали Миср убур мекарданд. Аммо намояндаи канали Суетс аз сабабҳои таъхир чизе нагуфтааст. Ин нахустин убури киштиҳои эронӣ аз ин масир дар пайи инқилоби исломии соли 1979 мешуд.
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дирӯз Эронро ба қасди сӯъиистифода аз бесуботиҳои ахири Миср айбдор кард ва ба кобинааш гуфт, бар иқдомоти Эрон ҷиддан меандешад.
XS
SM
MD
LG