Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Амрико А.Мирзоеваро 200 доллар ҷарима баст


Бино ба хабарҳо, додгоҳи Ферфакс дар аёлати Вирҷинияи Амрико парвандаи маъмурӣ алайҳи зодаи Тоҷикистон Азиза Мирзоеваро қатъ карда, ӯро ҳамагӣ 200 доллар ҷарима бастааст. Азиза Мирзоева ҳамсари собиқи шаҳрванди Тоҷикистон Тоҳир Мирзоев, ки дар Сандуқи байналмилалии пул кор мекунад, ба дуздидани фарзандонаш айбдор мешуд. Ӯ моҳи август дар Олмон боздошт шуда, ба Амрико истирдод шуда буд ва аз он замон дар боздошт ба сар мебарад. Аммо акнун бояд додгоҳи муҳоҷират дар мавриди ихроҷ кардан ё накардани хонум Мирзоева тасмим бигирад. То анҷоми ин муҳокима Азиза Мирзоева дар боздошт боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG