Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳургарон чанд пойгоҳро дар Либия тасарруф кардаанд


Писари раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ таҳти тасарруфи эътирозгарон гузаштани бархе пойгоҳҳои низомӣ ва тонкҳоро таъйид кардааст. Сайфулислом Қаззофӣ дар як паёми телевизионӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки метавонад конҳои нафташро ба коми оташ бикашонад, ҳушдор дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, артиш дар ҷараёни эътирозҳо ба иштибоҳҳое роҳ додаанд, чунки барои набард бо тазоҳургарон омода набуданд. Артиш мегӯяд, Бенғозӣ, дуввумин шаҳри бузурги Либияро “раҳо” кардааст. Бино ба хабарҳо, ошӯбҳо ба пойтахти Либия, Троблус густариш ёфта, эътирозгарон дар майдони Сабзи пойтахт бо тарафдорони Қаззофӣ вориди даргирӣ шудаанд. Ва намояндаи Либия дар Лигаи давлатҳои арабӣ Абдулмунъим ал-Ҳонӣ ба нишони эътироз аз саркӯбии тазоҳурот истеъфо додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG