Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонкҳои Миср дубора ба фаъолият шурӯъ карданд


Имрӯз бонкҳо дар саросари Миср дубора боз шуданд. Баъд аз нооромиҳои ахир дар ин кишвар бонкҳо фаъолияти худро боздошта буданд. Дар давоми 18 рӯзи нооромиҳо бонкҳо замоне дарҳои худро бастанд, ки дуздиву харобкорӣ дар ҷараёни тазоҳурот мушоҳида шуд. Ин бонкҳо 11-ӯми феврал билофосила баъд аз истеъфои Ҳуснӣ Муборак аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ боз шуданд, вале кормандони он ба сафи коргарони тазоҳуркунанда пайвастанд ва дастмузди беҳтару шароити беҳтари корӣ тазозо карданд.
XS
SM
MD
LG