Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Яман муътаризонро бори дигар ба музокира хост


Тазоҳуроти эътирозӣ имрӯз низ дар Санъо-пойтахти Яман идома дошт. Ҳудуди 3 ҳазор донишҷӯ дар майдони марказии ин шаҳр гиридиҳам омаданд ва истеъфои Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ-раиси ҷумҳури ин кишварро тақозо карданд. Дар шаҳрҳои дигари ин кишвар низ тазоҳуроти эътирозӣ идома дорад. Раиси ҷумҳур имрӯз бори дигар мухолифони худро барои ҳали мушкил ба музокира даъват кард. Рӯзи ҷумъа дар тазоҳуроти эътирозӣ 5 нафар кушта шуданд. Дирӯз дар задухӯрд бо полис панҷ муътаризи дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG