Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон раҳпаймоии мухолифон дар назар аст


Дар Эрон мухолифони давлат аз мардум дархост кардаанд, ки дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигари кишвар барои гиромидошти хотираи қурбониёни тазоҳуроти эътрозии якшанбеи гузашта имрӯз дар раҳпаймоӣ ширкат ҷӯянд. Сомонаи мухолифон бо номи kaleme.com навиштааст, раҳпаймоии имрӯз зери шиори “мубориза бар зидди диктатураи мазҳабӣ” анҷом мегирад. Аммо Мустафо Муҳаммад Наҷҷор-вазири корҳои дохилии Эрон ҳушдор додааст, ки агар мухолифони давлат ба кӯчаву хиёбонҳо бароянд, саркӯб хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG