Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми эронӣ барандаи ҷоизаи ҷашнвораи филми Берлин


Рӯзи шанбе филми эронии “Ҷудоии Нодир аз Симин” сохтаи Асғар Фарҳодӣ дар ҷашнвораи байналмиллалии синамо дар Берлин барандаи ҷоизаҳои беҳтарин филм ва беҳтарин ҳунарпешаҳои марду зан дониста шуд ва ҷоизаи Хирси Тиллоиро ба даст овард. Дар ин ҷашнвора ҳамчунин 16 филми дигар ширкат дошт ва ин ҷашнвора аз ҷашнвораҳои муътабари Аврупо дониста мешавад. Ҷоизаи нуқраии ҷашнвора Хирси Нуқраӣ низ барои офаридани нақшҳои занона ба гурӯҳи ҳунармандони зан дар ин филм дода шуд. Соли 2009 Асғар Фарҳодӣ ҷоизаи беҳтарин коргардони филмро дар ин ҷашнвора соҳиб шуда буд
XS
SM
MD
LG