Пайвандҳои дастрасӣ

Дар тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ҳукумати беш аз 40-солаи Муаммар Қаззофӣ даҳҳо нафари дигар кушта шудаанд.

Рӯзи шанбе Гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар аз кушта шудани 84 нафар дар Либия хабар дода буд.

Виллям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, истифодаи аслиҳаи низомӣ ва туфангҳои шикорӣ бар зидди тазоҳуркунандагонро маҳкум кард.

Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, аз соли 1969 ба ин сӯ ин кишвари дорои 6,5 миллион нафариро раҳбарӣ мекунад.

Як рӯзномаи хусусӣ бо номи “Қурёна” бидуни тавзеҳот навиштааст, парлумон дар робита бо фаъолияти ҳукумат қонунеро ба тасвиб мерасонад, ки тибқи он афроди ҷадид дар мақомҳои баланди давлатӣ таъйин хоҳанд шуд.

Мақомоти расмии Либия баъзе аз сомонаҳои интернетиро бастаанд ва мусофират ба Бенғозиро маҳдуд кардаанд. Иртибот бо телефонҳои ҳамроҳи ин минтақа низ қатъ шудааст.

Шоми рӯзи шанбе ҳазорон нафар мӯътариз дар Манома, пойтахти Баҳрайн, низ дубора ба майдони Луълу баргаштанд ва дар он ҷо хайма заданд.

Онҳо баъд аз хуруҷи нерӯҳои пулис аз кӯчаву хиёбонҳо вориди ин майдон шуданд. Интизор меравад, ки имрӯз шоҳзода Салмон Бин Ҳамад ал Халифа баъд аз як ҳафтаи тазоҳуроти эътирозӣ бо намояндагони мухолифон музокира анҷом диҳад. Дар тазоҳуроти эътирозии Баҳрайн 6 нафар кушта шудаанд.

Дар пойтахти Алҷазоир низ рӯзи шанбе тақрибан 200 нафар тазоҳуркунанда бар зидди давлат шиор медоданд ва мегуфтанд, хостори “Алҷазоири озоду демократӣ” мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG