Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо кушта дар инфиҷоре дар бонки Ҷалолобод


Шумораи кушташудагон дар инфиҷори бонки Афғонистон ба 35 нафар расидааст. Баъзе манобеъ шумораи кушташудагонро 40 нафар гузориш додаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, шумораи захмиҳо 70 нафарро ташкил медиҳад. Бино ба хабарҳо, рӯзи шанбе афроди мусаллаҳ ва бамгузорони интиҳорӣ дар либоси полис ба бахши маҳаллии Кобулбонк дар Ҷалолобод ҳамла бурданд. Баъдтар Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтанд ва гуфтанд, вақте ки кормандони амниятӣ дар бонк дастмузди худро мегирифтанд, се бамгузори интиҳорӣ вориди бонк шудаанд ва худро мунфаҷир сохтаанд.
XS
SM
MD
LG