Пайвандҳои дастрасӣ

Муътаризони Баҳрайн дар майдони Луълу хайма заданд


Шоми рӯзи шанбе ҳазорон нафар муътариз дар Манома-пойтахти Баҳрайн дубора ба майдони Луълу баргаштанд ва дар он ҷо хайма заданд. Онҳо баъд аз харуҷи нируҳои полис аз кӯчаву хиёбонҳо вориди ин майдон шуданд. Интизор меравад, ки имрӯз шоҳзода Салмон Бин Ҳамад ал Халифа баъд аз як ҳафтаи тазоҳуроти эътирозӣ бо намояндагони мухолифон музокира анҷом диҳад. Дар тазоҳуроти эътирозии Баҳрайн 6 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG