Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Либия шумораи кушташудагон афзоиш ёфтааст


Бино ба гузоришҳои расида аз шаҳри Бенғозии Либия, яъне маркази тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди ҳукумати беш аз 40-солаи Муаммар Қаддофӣ шумораи кушташудагон афзоиш ёфтааст. Мақомоти шифохонаи маҳаллӣ мегӯянд, рӯзи шанбе вақте, ки нируҳои амниятӣ ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушоданд, даҳҳо нафар кушта шудаанд. Виллям Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия истифодаи аслиҳаи низомӣ ва туфангҳои шикорӣ бар зидди тазоҳуркунандагонро маҳкум кард. Троблус-пойтахти Либия то андозае ором аст.
XS
SM
MD
LG