Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Талко" мегӯяд, болоравии қиммати нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба манфиати ин ширкат нахоҳад буд.

Ширкати "Талко" бо пахши як баёнияи матбуотӣ таъкид кардааст, ки болоравии қиммати нерӯи барқ ба афзоиши нархи маводи аслии истеҳсоли алюминиюм таъсир хоҳад гузошт, ки ин рақобатпазирии онро дар бозорҳои ҷаҳони коҳиш медиҳад.

Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, барқи арзон дар Тоҷикистон яке аз асосҳои судоварӣ ва рақобатпазирии алюминиюми тоҷик дар бозори ҷаҳонист.

Мақомот алюминиюмро дар баробари пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ва онро барои иқтисоди ин кишвар муҳим арзёбӣ мекунанд.



Игор Сатторов, масъули Маркази хабарӣ ва таҳлилии ширкати "Талко" гуфт, "дар Озарбойҷон, Русия ва Амрико давлат аз корхонаҳои итеҳсоли алюминиюм пуштибонӣ ва дар масъалаи таъмини барқ ҳамеша "гузашт" мекунад. Агар мақомоти давлатӣ коре бикунанд, ки ба ширкати алюминиюм барқи арзон дода шавад, ба суди иқтисоди Тоҷикистон хоҳад буд."

Дар панҷ соли ахир ширкати алюминиюми "Талко" барои истифодаи нерӯи барқ бештар аз якуним миллиард сомонӣ, баробар ба 336 миллион доллар, пардохт кардааст.

Давлати Усмон

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи иқтисоддони тоҷик Давлат Усмон, нархи барқи ширкати "Талко" арзонтар аз он қимматест, ки ба мардум фурӯхта мешавад.

Вай мегӯяд, ҳоло фурсати он расидааст, ки то бори дигар бурду бохтҳои ин ширкат баррасӣ шавад.

Зеро ба таъкиди ин иқтисоддони тоҷик, "ё сармояи хориҷӣ ҷалб шавад, то давлат аз додани барқи арзон ба ин ширкат халос шавад ва ё дар сурати фоидабхаш набудани он масъалаи барҳам доданаш ҳам дида шаванд. Фикр мекунам, ин шояд беҳтар бошад, аз он ки ҳар сол давлат миллионҳо доллар аз ҳисоби барқ ба ин ширкат имтиёз медиҳад."

Ин дар ҳолест, ки ҳоло мақомоти Тоҷикистон масъалаи боло бурдани қиммати нерӯи барқ дар соли 2011-ро баррасӣ доранд.

Cандуқи байнулмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки барои таъмини муназзами аҳолӣ бо нерӯи барқ ва таҳкими системаи истеҳсоли энержӣ, қиммати барқро афзоиш диҳад.

Ин ду ниҳоди боэътибори байналмилалӣ дар гузашта низ борҳо аз боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ кардаанд.

Ахиран ширкати "Барқи тоҷик" низ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки қиммати барқ аз 20 то 25 дарсад боло бурда шавад. Ҳоло як киловат-соат барқ дар Тоҷикистон 9 дирам аст ва дар ҳоли боло рафтан ба 11 дирам баробар мешавад.

Корхонаҳои саноатӣ, ки ҳоло барои як киловат 25 дирам падохт мекунанд, дар сурати боло рафтани нархи барқ барои ҳар киловат ҳудуди 30 дирам хоҳанд супорид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG