Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони давлати Эрон мардумро ба раҳпаймоӣ хостанд


Мухолифони ҳукумати Эрон аз мардум хостанд, ки рӯзи якшанбе дар раҳпаймоии эътирозӣ дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигари кишвар ширкат ҷӯянд. Онҳо бад-ин тариқ мехоҳанд ҳафтумин рӯзи куштори як муътаризро, ки дар тазоҳуроти эътирозии ҳафтаи гузашта кушта шуда буд, гиромӣ доранд. Сомонаи интернетии мухолифон бо номи kaleme.com навиштааст, раҳпаймоён “бар зидди диктатураи мазҳабӣ дар Эрон мубориза хоҳанд кард”. Аммо Мустафо Муҳаммад Наҷҷор-вазири корҳои дохилаи Эрон ҳушдор додааст, ки агар мухолифон ба тазоҳурот бароянд, тазоҳуроти онҳо саркӯб хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG