Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муътаризони Баҳрайн ба майдони Луълу баргаштанд


Дар Баҳрайн ҳазорон нафар муътаризони зидди давлат вориди майдони Луълуи шаҳри Манома шуданд. Полиси зиддитазоҳурот аввал бар зидди тазоҳуркунандагон гази ашковар партоб кард ва қабл аз тарки майдон ба сӯи онҳо тирҳои резинӣ парронд. Нируҳои артиш баъд аз холӣ кардани майдон аз тазоҳуркунадагон дар рӯзи панҷшанбе фармон гирифтааст, ки кӯчаву хиёбонҳоро тарк кунад. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи аслии мухолифони шиаи Байҳрайн пешниҳоди шоҳ дар бораи музокироти миллиро барои поён додани нооромиҳои чандрӯза рад кардааст.
XS
SM
MD
LG