Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорони олмонӣ дар Эрон аз зиндон озод шуданд


Ду рӯзноманигори олмонӣ, ки дар Эрон боздошт шуда буданд, баъд аз пардохти 50 000 доллар ҷарима аз зиндон раҳо шудаанд. Хабаргузории ИСНО-и Эрон навиштааст, ин ду рӯзноманигор Маркус Ҳеллвиг ва Ҷенс Кох дар оғоз 20 моҳ маҳкум ба зиндон шуда буданд. Акнун онҳо бо пардохти ин маблағи ҷарима аз зиндон баромадаанд. Ин ду нафар моҳи октябр дар шаҳри Табриз барои мусоҳиба бо писари Сакина Муҳаммади Оштиёнӣ, ки барои зино ба муҷозоти эъдом маҳкум шудааст, боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG