Пайвандҳои дастрасӣ

Мавҷи нооромиҳо дар ҷаҳони араб


Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Баҳрайн

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Баҳрайн

Дар бархе аз кишварҳои арабӣ тазоҳуроти эътирозии зиддиҳукуматӣ идома дорад ва нишонаҳое аз коҳиши он ба назар намерасад.

Мухолифони давлати Баҳрайн аз баргузории музокироти миллии пешниҳодкардаи шоҳи худ саркашӣ карданд.

Рӯзи шанбе дар Алҷазоир низ тазоҳуроти тозаи эътирозӣ анҷом гирифт, дар ҳоле, ки дар Бенғозӣ, дуввумин шаҳри бузурги Либия тазоҳуркунандагон хиёбонҳоро тарк намекунанд.

Рӯзи шанбе вазъ дар Либияву Баҳрайн ҳамчунон муташанниҷ боқӣ монда буд. Нерӯҳои амниятӣ дар Либия даҳҳо нафар тазоҳуркунандаро ба қатл расондаанд. Бино ба маълумоти гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар марказаш дар Ню-Йорк, дар Либия 84 нафар кушта шудаанд. Манобеи расмӣ ин шумораро таъйид накардаанд. Аксари мӯътаризон дар шаҳри Бенғозӣ-воқеъ дар 1000 километрии пойтахт ба тазоҳурот баромадаанд ва бар зидди ҳокимияти бештар аз 40-солаи Муаммар Қаддофӣ эътироз карданд.

Гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, дар шаҳрҳои Байзо, Аҷдабиа, Завия ва Дерна низ баъд аз ҳамлаи хушунатомез ба тазоҳуроти сулҳомези рӯзи 18-уми феврал, мардум дубора даст ба тазоҳурот задаанд. Дар ин ҳамлаҳо, дар Бенғозӣ 20 нафар, дар Байзо 23 нафар ва 3 нафарӣ дар Аҷдабиаву Дерна кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, рӯзи шанбе низ тазоҳуркунандагон дар назди бинои додгоҳи шаҳри Бенғозӣ гирдиҳам омаданд. Нерӯҳои амниятӣ дар ин маҳал техникаи зиреҳдори низомиро мустақар кардаанд.

Дар гузоришҳо омадааст, дар шаҳри Троблус.пойтахти Либия ҷонибдорони муаммар Қаззофӣ раҳпаймоӣ анҷом додаанд ва ҳоло вазъ дар ин шаҳр ором аст. Рӯзномаи “Ал Заҳф ал Ахдар”, нашрияи ҷонибдори давлат пештар ҳушдор дода буд, ки тазоҳуркунандагон ба муқовимати шадиди нерӯҳои давлатӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Қаззофӣ аз соли 1969 ба ин сӯ, ин кишвари дорои 6,5 миллион нафариро раҳбарӣ мекунад. Як рӯзномаи хусусӣ бо номи “Қурёна” бидуни тавзеҳот навиштааст, ки парлумон дар робита бо фаъолияти ҳукумат қонунеро ба тасвиб мерасонад, ки тибқи он афроди ҷадид дар мақомҳои баланди давлатӣ таъин хоҳанд шуд. Мақомоти расмии Либия баъзе сомонаҳои интернетиро бастаанд ва мусофират ба Бенғозиро маҳдуд кардаанд. Иртибот бо телефонҳои ҳамроҳи ин минтақа қатъ шудааст.

Дар Баҳрайн, кишвари дигари арабӣ дар ҳошияи Халиҷи Форс низ тазоҳурот идома дорад. Шиаҳо, ки дар ин кишвар аксариятро ташкил медиҳанд, аз музокира бо ҷонибдорони шоҳ саркашӣ карданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар як сӯҳбати телефонӣ бо шоҳ Ҳамад, аз мақомоти Баҳрайн хост, ки аз ҳар гуна амал бар зидди тазоҳуркунандагон хештандорӣ нишон диҳанд. Баҳрайн дар минтақаи Халиҷи Форс аз муттаҳидони калидии Амрико ба шумор меравад.

Дар пойтахти Алҷазоир низ рӯзи шанбе тақрибан 200 нафар тазоҳуркунанда бар зидди давлат шиор медоданд ва мегуфтанд, ки хостори “Алҷазоири озоду демократӣ” мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG