Пайвандҳои дастрасӣ

Бештари занони зиндонии қирғиз худро гунаҳгор намедонанд


Дафтари Омбудсмени Қирғизистон гуфтааст, назарпурсӣ дар миёни занҳои зиндонии ин кишвар нишон додааст, ки бештар аз 80 дарсади занони зиндонӣ худро гунаҳгор намешуморанд. Турсунбек Охун-Омбудсмен ва чанд нафар аз кормандони дафтари вай ин ҳафта аз зиндони занонаи Степной дар вилояти Чуй бозидид ва бо занони зиндонӣ мулоқот карданд. Турсунбек Охун гуфт, дафтари вай ба ин занон кӯмак хоҳад кард, то ба парвандаи чунин занон расидагии дубора сурат бигирад. Ҳоло дар ин зиндони занона 285 нафар маҳбус ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG