Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МН Амрико хостори коҳиши $61 миллиард махориҷ шуд


Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико пешнависи санади ҳукуматро, ки тибқи он махориҷи федеролӣ 61 миллиард доллар барои соли ҷорӣ коҳиш хоҳад ёфт, ба тасвиб расонд. Дар Маҷлиси Намояндагон ҷумҳурихоҳон аксариятро ташкил медиҳанд ва ба ҷонибдорӣ аз ин пешнависи қонун 235 нафар рай доданд. 189 нафар мухолиф буданд. Ин пешнавис бештар аз 4 рӯз ба баррасиву мунозира кашида ва садҳо илова ба он ворид шуд. Яке аз ин иловаҳо ба пешгирӣ аз сармоягузорӣ дар тарҳи нави қонуни беҳдоштӣ иртибот дошт. Ин санад акнун бояд дар Сенат ба тасвиб расад. Дар Сенат демократҳо аксариятро ташкил медиҳанд ва аз тарҳи пешниҳодии Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мумкин аст ҷонибдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG