Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳикматулло Сайфуллозода аз бемористон рухсат шуд


Ҳикматулло Сайфуллозода-узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва сардабири “Наҷот”-нашрияи ин ҳизб аз бемористон рухсат шуд. Вай 7-ӯми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар наздикии хонааш аз тарафи ашхоси номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифт ва то 18-ӯми феврал дар бемористон бистарӣ буд. Сайфуллозода изҳори нигаронӣ кардааст, ки расидагӣ ба ҳодисаи лату кӯби вай ба дарозо кашидааст ва изҳори умед кардааст, ки афроди дастдошта дар ин ҳамла ба муҷозот кашонда мешаванд.
XS
SM
MD
LG