Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони манозили баландошёна дар Хуҷанд боздошта шуд


Шаҳрдории Хуҷанд хабар додааст, ки сохтмони хонаҳои баландошёна бо сармояи хориҷӣ дар ин шаҳр боздошта шадааст. Тибқи қарордод як ширкати Кореяи Ҷанубӣ мавсум ба SR бояд дар Хуҷанд 4 хонаи 25 ошёна бунёд мекард, вале корҳои сохтмонӣ ба сабаби бӯҳрони молӣ боздошта шудааст. Дар маҳали бунёди ин хонаҳои баландошёна бояд истгоҳи мошинҳо, мағозаҳо, кӯдакистонҳо ва амсоли он сохта шавад. Ҷониби Корея бо Тоҷикистон дар ин бора соли 2008 қарордод имзо карда буд.
XS
SM
MD
LG