Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мубодилаи асъор дар Кобулро мамнӯъ эълон кард


Вазорати молияи Амрико мубодилаи пул дар Афғонистонро ба феҳристи сиёҳ ворид кард. Вазорат мегӯяд, мубодилаи пул дар Афғонистон як навъ мошини шустушӯи пул барои гурӯҳҳои қочоқгари маводи мухаддир мебошад. Маркази нави мубодилаи асъори мавсум ба Ансорӣ дар Кобул ҳамроҳ бо 15 маркази дигар ба ин феҳрист ворид шуд. Ин тасмим ба шаҳрвандони Амрико иҷоза намедиҳад, ки дар ин марказҳо амалиёти пулӣ анҷом диҳанд. Вазорати молияи Амрико мегӯяд, маркази нави мубодилаи асъори Ансорӣ сармояи худро аз роҳи шустушӯи пулҳои қочоқӣ аз ҳероину тарёк ва соири маводи мухаддир ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG