Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагон дар Либия ба бештар аз 80 кас расид


Гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи башар марказаш дар Нию Йорк мегӯяд, шумораи кушташудагони тазоҳуроти эътирозии зиддидавлатӣ дар Либия дар ин чанд рӯз ба 84 нафар расидааст. Аксари онҳо, яъне 35 нафар танҳо дар дуввумин шаҳри бузурги ин кишвар дар Бенғозӣ кушта шудаанд. Ҳафтае, ки мегуузарад, дастикам дар 4 шаҳри шарқии Либия тазоҳуроти эътирозӣ баргузор гардидааст. Матбуоти давлатӣ ҳушдор додааст, ки мухолифони давлат барои интиқод аз Муаммар Қазддофӣ-раҳбари ин кишвар ба сазои аъмоли худ хоҳанд расид. Қаззофӣ дар ин кишвари Африқои Шимолӣ бештар аз 40 сол ҳукумат мекунад.
XS
SM
MD
LG