Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муътаризони Баҳрайн музокироти миллиро рад карданд


Гурӯҳи аслии мухолифони шиаи Байҳрайн пешниҳод дар бораи музокироти миллиро барои поён додани нооромиҳои чандрӯза рад кард. Раҳбарони гурӯҳи шиаи Вефақ гуфтанд, барои чунин кор бояд нахуст ҳукумат ба истеъфо равад ва нируҳои артиш аз хиёбонҳои шаҳри Манома-пойтахти ин кишвар хориҷ шаванд. Шоҳ Ҳамад бин Исо Халифа аз писари бузургаш шоҳзода Салмон хост, ки “бо ҳамаи ҷонибҳо” ба манзури ҳали бӯҳрони сисёсӣ музокироти миллиро шурӯъ кунад. Дар ин нооромиҳои сисёсӣ 4 нафар тазоҳуркунанда кушта, садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG