Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҷаҳони варзиш”: Барномаи рушди варзиш дар Тоҷикистон


Ин нақша дар заминаи мулоқоти раисиҷумҳур бо варзишгарони кишвар 20-уми декабри соли 2010 омода шудааст.

Наргис Набиева, сардори раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Дар ин барнома бештар ба сохтмони иншооти варзишӣ дар тамоми манотиқи кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст. Инчунин бар асоси нақшаи чорабиниҳои мазкур барои рушди варзиши ҳирфаӣ ва ширкати бомуваффақияти варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ, мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ андешидани бисёр тадбирҳо, минҷумла бунёди марказҳои омодагии олимпӣ, дар назар аст. Ҳамчунин ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи футболи кишвар супориш
шудааст, ки то моҳи апрели соли равон лоиҳаи Барномаи рушди футболро таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд. Бо супориши раисиҷумҳури кишвар мо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро барои солҳои 2011-2015 пешниҳод кардем. ”.


Наргис Набиева таъкид сохт, ки дар нақшаи чорабиниҳои мазкур, ҳамчунин, як қатор тадбирҳо ҷиҳати рушди варзиш миёни занон андешида шудааст.

Ба назари коршиносони соҳа нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди варзиш дар кишвар, ки аз ҷониби дастгоҳи иҷроияи президент таҳия шуда, мавриди иҷро қарор гирифтааст, бешак, барои инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ширкати “Регар-ТадАЗ” дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон

Дар ин барнома, инчунин, дар бораи ширкати дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон, ки аз 20-уми феврал то 1-уми март баргузор мешавад, иттилоъ медиҳем.

Барои ширкат дар ин мусобиқа бошгоҳҳои футболи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон изҳори хоҳиш кардаанд. Маблағи ҷавоизи ин мусобиқот 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор
доллар супурда мешавад. Дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки дар ҷои севум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида хоҳанд шуд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Пас аз он ки “Истиқлол”-и Душанбе ба иллати ба дастаи мунтахаби олимпии кишвар ҷалб шудани бархе аз бозигарони худ аз ширкат дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон даст кашид, Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин мусобиқа тими “Регар-ТадАЗ”-ро сафарбар намуд. Мо 18-уми феврал барои ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба шаҳри Ишқобод сафар мекунем. Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон иштирок хоҳад кард. Кӯшиш мекунем, ки дар ин мусобиқа соҳиби ҷоиза шавем. Пас аз бозгашт аз шаҳри Ишқобод тими “Регар-ТадАЗ” дар сабқати ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев, ки 3-юми март дар шаҳри Душанбе шурӯъ мешавад, ширкат хоҳад кард”.

Ахбори варзишӣ

Ким Клейстерс, теннисбоззани белгиягӣ, дар рейтинг ё феҳристи нави WTA (Созмони тенниси занона) дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Вай барои бори чаҳорум мақоми аввалро касб намуд. Клейстерс имсол дар мусобиқаи пурнуфузи Australian Open пирӯз шудааст. Каролин Вознятскии даниягӣ дар ҷои дуввум мебошад. Рафаэл Надали испонӣ, дар феҳристи ATP (Созмони теннисбозони ҳирфаӣ) дар байни мардон мақоми аввалро касб кардааст.

Даври навбатии Ҷоми ҷаҳонии дзю-до байни мардон дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт баргузор шуд. Гуштигирони Ҷопон дар се вазн пирӯз гардиданд. Дар чаҳор вазни дигар намояндагони Маҷористон, Черногория, Муғулистон ва Бразил ҷойҳои аввалро касб карданд. Дар ин мусобиқа, инчунин, паҳлавони тоҷик Абубакр Раҳмонов ширкат дошт. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 килограмм дар даврҳои муқаддамотӣ бар рақибонаш аз Туркия ва Мексика пирӯз шуд. Вале баъдан аз гуштигирони Словения ва Ҳолланд шикаст хӯрд ва дар ҷои ҳафтуми имтиёзнок қарор гирифт. Ин мусобиқа ҳамзамон сабқати интихобии олимпӣ маҳсуб мешуд. Абубакр Раҳмонов 16 имтиёз ба даст овард. Ӯ то ҳоло ҳамагӣ 20 имтиёзи олимпӣ дорад.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи бародарон Сергей ва Иван Ярмоленко, мураббиёни гуштии юнониву румӣ, дар шаҳри Павлодари Қазоқистон се медали нуқра ба даст оварданд. Ба иттилои Олим Аланазаров, мураббии дастаи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа беш аз 200 паҳлавони ҷавон аз Қазоқистон, Қирғизистон , Русия ва Тоҷикистон иштирок карданд. Аз панҷ варзишгари тоҷик се нафар соҳиби нишон шуданд. Дониёр Маҳмадшоев дар вазни 50 кило, Далер Розиқзода дар вазни 63 кило ва Ислом Каримов дар вазни 69 кило ҷойҳои дуввумро касб карданд.

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар даври севуми Ҷоми “Шимолу Ғарб” оид ба гуштии самбо дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия соҳиби панҷ медал гардиданд. Эраҷ Азизов дар вазни беш аз 55 кило ва Азим Эшонхоҷаев дар вазни 62 кило бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Эраҷ Ширинов дар вазни то 55 кило медали нуқра гирифт. Ду нафари дигар – Анвар Одинаев ва Ҳабибулло Назаров, ки дар вазни худ ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Ба иттилои Аҳтам Хокиров, раҳбари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, гуштигирони ҷавони кишвар моҳи апрел дар Олимпиадаи якҳарбаи шарқӣ ширкат хоҳанд кард.

Сотиболдӣ Ҳаитов ва Гузал Алиқулова ғолибони пойгаи ҷумҳуриявии давандаҳо гардиданд. Ин мусобиқа дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар пойга беш аз 60 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доштанд. Сотиболдӣ Ҳаитов дар пойга ба масофаи 12 километр бо натиҷаи 38 дақиқа мақоми аввалро касб кард. Вай ҳуқуқ пайдо намуд, дар сабқати ҷаҳонӣ , ки 20-уми март дар Испания доир мешавад, ширкат варзад. Гузал Алиқулова дар пойгаи занон ба масофаи 4 километр бонатиҷаи 19 дақиқаю 20 сония ғолиб шуд.

Муродҷон Тӯйчиев, барандаи медали биринҷии Бозиҳои 16-уми осиёӣ оид ба гуштии юнониву румӣ, ҳамчун беҳтарин варзишгари соли 2010 бо ҷоизаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд– мошини сабукрави тамғаи “Жигули” сарфароз гашт. Калид ва ҳуҷҷатҳои мошинро ба Муродҷон Тӯйчиев раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар як мулоқот бо варзишгарон, ки дар “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, тақдим кард.
XS
SM
MD
LG