Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: Толибон наметавонанд моро шикаст диҳанд


Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, роҳ барои Толибон ин аст, ки аз Ал-Қоида ҷудо шуда қонуни асосии Афғонистонро бипазиранд.

Хонум Клинтон ин матлабро ҳангоми суханронӣ дар маркази таҳқиқоти ҷомеаи Осиё дар Ню-Йорк баён дошт. Ӯ афзуд, Толибон наметавонанд вақти морор зоеъ кунанд ва ё моро шикаст диҳанд, бинобар ҳамин роҳи дигар надоранд ба ҷуз ин, ки робитаашонро бо Ал-Қоида қатъ кунанд.

Ӯ изҳороти раиси ҷумҳури Барак Обамаро такрор карда гуфт, бархе аз сарбозони амрикоӣ дар моҳи июли имсол хуруҷашонро аз Афғонистон оғоз хоҳанд кард ва то соли 2014 масъулияти амнияти Афғонистон ба нерӯҳои амниятии худи ин кишвар супурда хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷии ИМА гуфт, дар паҳлӯи амалиёти низомӣ, талошҳо дар ду бахши дигар низ афзоиш ёфтаанд, яке тақвияти ҳукумати Афғонистон ва дуввум талошҳои дипломатӣ барои барқарории сулҳ.

Хонум Клинтон ҳамчунин афзуд, Амрико барои ҳали мушкили Афғонистон талошҳои сиёсиро оғоз кардааст то битавонад Толибонро аз Ал-Қоида ҷудо созад ва ҳамин тавр фаъолияти мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Афғонистон поён ёбад. Ба гуфтаи Ҳиллари Клинтон дар ин сурат Ал-Қоида танҳо хоҳад монд ва маҷбур ба ақибнишӣ хоҳад шуд.

Клинтон ин суханонро дар маросиме гуфт, ки дар он дипломати бознишастаи амрикоӣ Марк Гроссман намояндаи вижаи ИМА барои Афғонистон ва Покистон муаррифӣ шуд. Пеш аз Гроссман, Ричард Ҳолбрук дар ин вазифа ифои вазифа менамуд. Ӯ дар сини 69-солагӣ дар 13-уми декабри соли гузашта дар натиҷаи як ҳамлаи қалбӣ даргузашт.

Клинтон дар суханрониаш гуфт, Марк Гроссман ҳампаймонҳои Амрикоро хеле хуб мешиносад ва медонад, ки талошҳои муштарак ба ҳадафи ҳалли мушкилоти мавҷудро чигуна танзим кунад. Клинтон изҳори итминон кард, ки оқои Гроссман дар вазифаи нав муваффақ хоҳад буд.

Гроссман ба ҳайси сафири ИМА дар Покистон ва Туркия ифои вазифа карда ва ҳамроҳ ба Ричард Ҳолбрук дар имзои тафоҳумномаи Дейтон, ки ҷанги Бусниро поён дод низ кӯмак кардааст. Ӯ аз соли 2001 то 2005 муовини умури сиёсии вазорати хориҷии Амрико буд.
XS
SM
MD
LG