Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман боз 2 тазоҳургар кушта шуд


Гузоришҳои расида аз Яман ҳокист, ки рӯзи ҷумъа дар саросари ин кишвари ҷануби нимқораи Араб даҳҳо ҳазор нафар дар эътирозҳои зиддидавлатӣ ширкат кардаанд. Як тазоҳургар дар шаҳри Адан ҳангоми пароканда кардани намоиш аз сӯи пулис кушта шуда, аз як мошин ба сӯи издиҳом партоб шудани норинҷак мунҷар ба ҳалокати якеи дигар ва ҷароҳат бардоштани 7 нафар дар шаҳри Тайз шудааст. Дар раҳпаймоии зидди давлат дар Тайз даҳҳо ҳазор нафар ҷамъ шуда буд. Тарафдорони раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ низ дар ин шаҳр раҳпаймоӣ кардаанд. Тазоҳуроти хурдттари ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифини ӯ дар пойтахт, шаҳри Санъо, низ доир шуд. Солеҳ 32 сол боз бар Яман раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG