Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Блейк аз кӯмакҳои Узбакистон ба НАТО


Мақоми аршади Амрико Узбакистонро барои боз кардани роҳҳояш ба манзури таъмини амалиётҳои НАТО дар Афғонистон ситоиш кард. Роберт Блейк, муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ, дар ҷараёни боздидаш аз Тошканд гуфт, Амрико «ба пуштибонии Узбакистон аз талошҳои байналмилалӣ дар Афғонистон арзиши баланд» қоил аст.
Блейк ҳамчунин гуфт, Амрико такмили маводи лозим дар Узбакистон барои иҷрои маъмурияти НАТО дар он сӯи Омӯро афзоиш дода, соли гузашта дар ин кишвар 28 миллион доллар масраф кардааст. Роберт Блейк ба хотири ширкат дар машваратҳои солонаи Вошингтону Тошканд дар пойтахти Узбакистон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG