Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи иттилоотӣ ба ҲНИТ аз номи Бозор Собир


Акс аз бойгонии ҳафтаномаи "Миллат" гирифта шудааст.
Акс аз бойгонии ҳафтаномаи "Миллат" гирифта шудааст.

Бознашри густардаи як нуктаи шоир Бозор Собир тахминҳои фишори бештар ба ҲНИТ-ро ба бор овардааст.

Ҳафтаномаи «Миллат» зери унвони «ҲНИТ-ро бояд баст» ба таърихи 26 январи соли ҷорӣ сӯҳбатеро бо ин шоири тоҷики муқими Амрико ба нашр расонида буд. Бозор Собир гуфтааст, ки агар бо президенти Тоҷикистон мулоқоти ӯ доир мешуд, талаб мекард, ки ҲНИТ-ро бубандад.

Ҳамакнун кулли нашрияҳои давлатӣ дар Тоҷикистон он қисмат аз сӯҳбатҳои Бозор Собирро, ки ба ҲНИТ, ислом ва муллоҳо дахл дорад таҳти ҳамон сарлавҳае, ки дар «Миллат» мунташир шуд чоп кардаанд. Гуфта мешавад чопи саросарии ин сӯҳбат дар нашрияҳои вобаста ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ба дастури мақомоти «боло» сурат гирифта ва ҳадаф аз он бадном кардани ҲНИТ ва заминасозӣ ба бастани фаъолияти он аст.

Нашри такрории сӯҳбати расонаии Бозор Собир дар нашрияҳои давлатии сатҳи вилоят ва навоҳии кишвар, ки даъвати ошкоро ба бастани Ҳизби наҳзати исломиро мекунад, дар пайи ҳодисаҳои боздошти бархе аъзои ин ҳизб бо гумони ширкат дар ҳаводиси ахири шарқи кишвар, манъи фаъолияти ибодатгоҳи ин ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ахиран лату кӯби яке аз фаъолони ин ҳизб чунин шубҳа ва тахминҳоеро ба бор овардааст, ки мақомот дар садади бастани ин ҳизб афтодаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки нашри ин матлаб тасодуфӣ набуда ва ба таъйиди бархе аз масъулони ин нашрияҳо, бозчопи он қисмат аз сӯҳбатҳои Бозор Собир бо дастури мақомот сурат гирифтааст.

Миралӣ Одинаев, сармуҳарири нашри «Субҳи Ёвон» дар як сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» изҳор дошт, нашрияи онҳо органи чопии мақомоти ноҳия аст ва онҳо дар чопи нашр наметавонанд дастур ва фармоиши ҳукумати ноҳияро сарфи назар кунанд.

Давлаталӣ Давлатзода
Зимнан Толибшоҳ Сайидзода, муҳаррири нашрияи «Миллат» тасдиқ кард, ки бархе аз сармуҳарирони рӯзномаҳои ноҳиявӣ барои гирифтани матни сӯҳбати Бозор Собир ба онҳо муроҷиат кардаанд.

Бо ин ҳол дар маҳофил ва сӯҳбатҳои бархе аз коршиносон чунин андеша ва афкоре чарх мезанад, ки имкон дорад, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ояндаи наздик баста бишавад. Ва ба эътиқоди бархе аз коршиносон, аз ҳамин ҳоло барои омода кардани афкори ҷомеа ва сохтани заминаҳо барои иҷрои ин кор шурӯъ шудааст.

Аммо Давлаталӣ Давлатзода, вакил аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон мегӯяд, бастани ин ва ё он ҳизби сиёсӣ ба хоҳиши як ё ду нафар марбут нест. Вале ҲНИТ ва аъзои он бояд тавре фаъолияти худро роҳандозӣ кунад, ки барои аъмоли ғайриқонунӣ аз сӯи ҷомеа муттаҳам нашавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон мегӯяд доираҳои муайяне дар мақомот мехоҳанд, ки осеб ва зарба ба ҲНИТ бизананд. Оқои Ҳусайнӣ афзуд ҳоло фазосозиҳое дар расонаҳо ва маҳофили ҷудогона эҳсос мешавад, ки мехоҳанд,
Саидумар Ҳусайнӣ
дар пойи ҳизб аъмолу феъли анҷомнадодаро бубанданд. Вале ҲНИТ як дафъа аз озмоиши бисёр ҷиддӣ гузаштааст ва барои озмоиши такрории он зарурат вуҷуд надорад.

Аммо Рашид Ғанӣ, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, ки аз ҳеҷ мақоми расмӣ ва ё коршиносони ҳаводор ба сиёсати давлат нашунидааст, ки давлат дар садади қатъи фаъолияти ҲНИТ аст. Зеро то ба имрӯз ин ҳизб дар бештарин маврид аз сиёсатҳои давлат пуштибонӣ кардааст.

Ин коршинос афзуд, ки беҳтарин роҳи иртиботи давлат ва ҳизби исломӣ, идомаи гуфтугӯ ва музокирот аст, зеро бо бастани ҳизби исломӣ фаъолияти гурӯҳҳои радикалӣ дар ҷомеа тақвият меёбад.

Чанде пеш Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико низ дар як сӯҳбате бо нашрияи «Азия плюс» ҳушдор дода буд, ки ба ҳошия рондани диндорон авоқиби нохуше дар пай хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG