Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии САҲА аз муҳокимаи тазоҳургарон дар Минск


САҲА аз оғози додгоҳҳои тазоҳургарон дар Беларус изҳори нигаронии шадид кард. Раҳбари давраии ин созмон Аудронис Азубалис гуфт, САҲА ҳаққи озоди гирдиҳамоиро аз ҳуқуқи аслии демократӣ мешиносад. Рӯзи панҷшанбе додгоҳи Беларус Васил Парфянкови 27-соларо ба 4 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ нахустин нафари маҳкумшуда аз ҳудуди 30 тазоҳургар, бо шумули 4 номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус аст, ки бо иттиҳоми ширкат дар эътирозҳои пасоинтихоботии моҳи декабр ба додгоҳ кашонида шудаанд.
XS
SM
MD
LG