Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

G20 дар Порис нархи ғизоро баҳс мекунад


Вазирони молия ва раҳбарони бонкҳои марказии 20 иқтисоди асосии дунё рӯзи ҷумъа дар Порис ба баҳси дурӯзаи масоили афзоиши нархи ғизову манзил шурӯъ мекунанд.
Бонки ҷаҳонӣ дар пешорӯи ин нишасти гурӯҳи G20 гузоришеро нашр кард, ки мегӯяд, болоравии нархи ғизо ҳарчанд сабаби асосӣ набуд, як омили ошӯбҳои Ховари Миёна буд.
Созмони ғизо ва кишоварзӣ, як ниҳоди вобаста ба СММ, эълон кард, ки нархи ҷаҳонии ғизо дар моҳи январ ба як қуллаи нави таърихӣ расид. Дар нишасти Порис масоили қурби асъор ва тиҷорат низ баҳс хоҳад шуд. Мунтақидон мегӯянд, ки Пекин ба хотири ташвиқи содироти молҳояш қурби юанро ба таври сунъӣ пойин бурдааст. Пекин ин иддаоро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG