Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи "Марши пирӯзӣ" дар майдони Таҳрир


Рӯзи ҷумъа дар майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира, пойтахти Миср, ҳазорон нафар ба хотири таҷлил аз ҳафтаи аввали гузашта аз суқути давлати Ҳуснӣ Муборак гирди ҳам омаданд. Муборак баъди 30 соли раҳбарӣ бар Миср ҳафтае пеш ба дунболи қариб 3 ҳафтаи эътирозҳо истеъфо дод. Созмондиҳандагони «Марши пирӯзӣ» умедворанд, ки дар ин раҳпаймоӣ то 1 миллион нафар ҷамъ шавад. Тарафдорони Муборак аммо қасд доранд, раҳпаймоии ҷавобӣ ташкил диҳанд.
Аммо дар Миср ҳаёт то ҳол комилан ба ҳолати оддиаш барнагашта, бонкҳову мактабҳо баста боқӣ мемонанд. Фаъолон аз Маҷлиси олии низомӣ, ки раҳбарии Мисрро ба даст гирифтааст, раҳоии маҳбусони сиёсӣ, лағви вазъи изтирорӣ ва ҳарчӣ зудтар барпо кардани интихоботро талаб мекунанд.
XS
SM
MD
LG