Пайвандҳои дастрасӣ

Дар эътирозҳои Либия 24 нафар кушта шудаанд


Хабарҳои расида аз Либия ҳокист, ки ба дунболи «Рӯзи ғазаб» алайҳи ҳукумат шаби гузашта низ эътирозҳо давом кардаанд. Бино ба хабарҳо, дар Бенғозӣ, дуввумин шаҳри бузурги Либия, ва дар Байда ҳазорон нафар ба хиёбонҳо рехтаанд. Дар бораи ошӯбҳо дар чанд шаҳри дигари ин кишвари арабии шимоли Африқо ва аз раҳпаймоии тарафдорони раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ дар пойтахт, шаҳри Троблус низ гузориш шудааст. Ҳюман Райтс Вотч, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, рӯёрӯиҳои байни тазоҳургарон ва нирӯҳои амниятии Либия то кунун 24 кушта ба ҷо гузошт. Қаззофӣ аз соли 1969, инак 42 сол боз раҳбарии Либияро дар даст дорад. Ошӯбҳо дар Либия ба дунболи эътирозҳо дар кишварҳои ҳамҷавораш аст, ки мунҷар ба суқути ҳокимони Мисру Тунис шуд.
XS
SM
MD
LG