Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони 13 "ҷиҳодӣ" дар Қашқадарё


Додгоҳи вилояти Қашқадарёи Узбакистон 13 нафарро бо ҷурми узвият дар як гурӯҳи "ҷиҳодӣ"-и исломӣ аз 6 то 10 сол маҳкум ба зиндон кардааст. «Эзгулик», танҳо созмони расмии ҳомии ҳуқуқи инсон дар Узбакистон мегӯяд, додгоҳ ин афродро дар талоши барандохтани сохти конститутсионӣ ва тавзеъи маводи зидди низому амнияти ҷомиа муҷрим шинохт. Ҳукми ин додгоҳ, ки пушти дарҳои баста гузашт, ҳанӯз рӯзи 3 феврал содир шуда, танҳо дар ин ҳафта эълон шуд. Ба гуфтаи «Эзгулик», аксари маҳкумин деҳқонони оддиянд ва танҳо якеаш имоми масҷид будааст. Ба ҳисоби созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, феълан дар Узбакистон беш аз 10 000 тан аз диндорон бо ҷароиме, чун узвият дар гурӯҳҳои мазҳабӣ ва қасди барандохтани низом, адои ҳукми зиндон мекунанд.
XS
SM
MD
LG