Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситон барои Элбегиев 6 сол хостааст


Айбдоркунанда дар мурофиаи парвандаи ронандаи тоҷик Давлатшоҳ Элбегиев, ки дар садамаи нақлиётӣ бо мошини хидматии генерал Владимир Шаманов айбдор мешавад, 6 соли корҳои ислоҳӣ пурсидааст. Додситон дар додгоҳи ноҳияи Зареченски вилояти Тулаи Русия ҳамчунин хостори барои 3 сол аз ҳаққи идораи васоили нақлия маҳрум кардани ин шаҳрванди Тоҷикистон шудааст.
Рӯзи 30 октябр бар асари садамаи мошини Элбегиев бо мошини хидматии фармондеҳи нирӯҳои десанти ҳавоии артиши Русия Владимир Шаманов ронандаи генерал ҳалок шуда, худи ӯ ва 2 афсари дигари баландпоя ҷароҳатҳои сангин бардоштанд.
XS
SM
MD
LG