Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саволи Шумо ба раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов


Академик Илолов омодааст, ба саволҳои хонандагони торнамои “Озодӣ” дар робита ба вазъи илм дар Тоҷикистон ва ислоҳот дар Академияи илмҳо посух бидиҳад.

Ин дар ҳолест, ки ба дунболи интиқоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи илм дар кишвар ахиран 10 институти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар 5 пажӯҳишгоҳ муттаҳид шуданд. Ин иқдом дар чаҳорчӯби ислоҳоти сохториву маъмурии Фарҳангистони улум сурат гирифтааст.

Раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, Мамадшо Илолов, дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Тоҷикистон зода шуда, Донишкадаи давлатии Воронежро хатм кардааст. Доктори илмҳои физика-математика, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Солҳои 1995-2000 ду навбат вакили мардумӣ дар парлумон интихоб шуда, раёсати Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро бар дӯш дошт.

Соли 2003 вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ таъйин гардид. Аз соли 2005 президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ҳамзамон узви Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG