Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон барои ташкили минтақаҳои саноати-инвеститсионӣ талош дорад.

Ахиран вазорат дар ин бора гурӯҳи корие шомил аз вазоратхонаҳои молия, энержӣ ва саноат, кишоварзӣ, вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳамчунин Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ташкил карда буд.

Саъдӣ Қодиров, раиси сарраёсати вазорати рушди иқтисод ва савдо дар гуфтугӯ бо РО ҳадаф аз ташкили гурӯҳи кори дар ташкили ҳамчунин минтақаҳоро чунин тавзеҳ дод: «Дар ҷумҳурии мо корхонаҳое ҳастанд, ки дар вақташ ҳамчун минтақаи саноатӣ фаъол буданд. Вале пас аз хусусигардонӣ, бархе аз ин корхонаҳо бо зарфияти комил кор намекунад ва ё самти фаъолияташро тағйир додааст. Мо тавассути ҳамин гӯрӯҳи корӣ мехоҳем тавон ё патенсиали ҳамин минтақаҳоро омӯзем ва як барномаи комили ташкили минтақаҳои саноатӣ-сармоягузорӣ ва иноватсиониро ба давлат пешниҳод кунем.»

Ба гуфтаи ҷаноби Қодиров, ҷумҳурӣ метавонад минтақаи саноатии иноватсионӣ, ҳамчунин муҷтамаи саноии кишоварзӣ ва минтақаҳои туристиро ташкил кунад.

Бархе аз коршиносон ин талоши вазоратро иқдоми хуб ва дар шароити феълӣ муассир хондаанд. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта шимоли Тоҷикистон бо корхонаҳои муҷтамаи низомии шӯравии вақт машҳур буд ва як минтақаи саноатӣ ба ҳисоб меомад. Мисоли дигар дар ҷануби Тоҷикистон шароит барои ташкили муҷтамаи саноии кишоварзӣ фароҳам шуда буд, ки ҷуз пахтакорӣ, бахши чорводорӣ, зироаткорӣ ва боғдориро дар бар дошт.

Ба гуфтаи Саъдӣ Қодиров ин самтҳои фаъолиятро метавон дубора фаъол сохт.

Шӯҳрат Раҳматбоев, коршиноси иқтисод ва бахши сармоягузорӣ имкони ташкили чунин минтақа дар шаҳри Турсунззодаро чунин тавзеҳ дод: «Минтақаи саноати сармоягузорӣ ва иноватсиониро метавон дар шаҳри Турсунзода бо ташкили корхонаҳои коркарди алюминиюми хом ташкил дод. Ва дар навоҳии мевапарвар коркарди меваро метавон роҳандозӣ кард.»

Вале бархе аз коршиносон иҷрои ин тарҳҳоро баъид медонанд ба он далел, ки як соли пеш дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил шуда буд вале то ба ҳол сармояҳои қобили мулоҳизаи хориҷӣ ба ин ду минтақаи озодӣ иқтисодии шимолу ҷануб сарозер нашудааст.

Ба гуфтаи Гулчеҳра Туқсанова, мутахассиси вазорати рушди иқтисод ва савдо дар мавриди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳоли ҳозир танҳо 7 ширкат дар бораи ҳамкорӣ бо минтақаи озоди иқтисодии шимол ва як ширкат бо ҷануб ҳамкорӣ дорад.

Хонум Тӯқсанова дар ин замина мегӯяд: «Бо минтақаи озоди иқтисодӣ дар Панҷи поён ширкати амрикоии «Pioneer» ҳамкорӣ дорад. Дар минтақаи шимол бошад 7 ширкат ба сохтмони зербиноҳо машғул ҳастанд.»

Аммо бисёре аз коршиносон фаъолият дар ин самтро нокофӣ хондаанд. Ба гуфтаи онҳо, агар як далел ба роҳ намондани муаррифии хуби ин минтақаҳо ба ширкатҳои хориҷӣ бошад, далели дигар камбудиҳои мавҷуд дар фароҳам кардани шароити кор аст.

Шӯҳрат Раҳматбоев, коршиноси умури иқтисод ва сармоягузорӣ мушкили аслии сарозер нашудаи сармояҳои хориҷӣ ба ин минтақаҳоро чунин тавзеҳ дод: «Сараввал рақобатпазирии ин минтақаро таъмин бояд кард. Дуввум, барои таъмини барқи шабонарӯзӣ дар сол кафолат бояд дод. Саввум, масоили равобит бо кишварҳои ҳамсояро ҳал кард. Аз қабили транзити озоди коло бо Узбакистон, чаҳорум мо ҳамсояи Афғонистон ҳастем ва авзоъ дар ин кишвар низ ба ҷалби сармояҳо ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.»

Ба гуфтаи коршиносон ва таҳлилгарон, то замоне, ки ин масъалаҳо ҳал нашавад, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва агар минтақаҳои саноатии сармоягузор ва иноватсионӣ низ ташкил шавад, судманд нахоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG