Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар шаҳрҳои Либия идома кард


Садҳо нафар аз тарафдорони Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия рӯзи панҷшанбе ба нишони ҳимоят аз ӯ раҳпаймоӣ карданд, аммо айни замон дар шаҳрҳои дигари Либия, тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ идома ёфт. Хабаргузории Ройтерс аз муноқиша миёни тарафдорони давлат ва хешовандони ду ҷавоне гузориш додааст, ки дар тазоҳуроти рӯзи чаҳоршанбе кушта шуданд. Бино ба гузоришҳои нашршуда дар шабакаи Фейсбук, тазоҳургарон дар шаҳри Ар Раҷбон воқеъ дар наздикии марзи Алҷазоир ва шаҳри Зинтин дар шимолуғарби Триполӣ чанд қароргоҳи ҳукуматиро оташ задаанд. Таҳқиқи дурустии ин гузоришҳо аз манобеъи дигар ғайримумкин будааст.
XS
SM
MD
LG