Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шветсия мукотибаҳои сирриашро нашр кард


Давлати Шветсия бештар аз 400 мукотиботи маҳрамонаи дипломатии солҳои 1989 то соли 1991 нашр кард, ки дар онҳо рӯйдодҳои марбут ба суқути Шӯравии собиқ дарҷ шудааст. Дар яке аз онҳо дипломатҳои Шветсия дар мавриди талоши сарнагунии Михайил Горбачёв раҳбари вақти шӯравӣ дар соли 1991 гузориш ва наҳваҳои вокуниш ба ин рӯйдодҳоро ба ҳукумат тавсия додаанд. Дар як мукотиба, сафири Шветсия дар Маскав гуфтааст, “ман дар бораи ҳодиса воҳима кардан намехоҳам, аммо бояд бигӯям, ки хатари ҷанги шаҳрвандӣ дар инҷо возеҳ аст.”
XS
SM
MD
LG