Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба шиканҷа муттаҳам кардани афсари милисаи озарӣ


Аҳмад Аҳмадов, сардори раёсати умури дохилаи вилояти Нахҷувони Озарбойҷонро, ба шиканҷа додани фарде муттаҳам мекунанд, ки дар як шикояти расмӣ, милиса вилоятро “золим” хондааст. Нодир Мамадов ба бахши озарии Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 15 феврал ӯро ба дафтари Аҳмад Аҳмадов бурдаанд ва сардори милиса баъди пурсидани онки бо кадом дастат шикоятро навиштӣ, бо анбӯр нохунҳои Нодир Мамадов кашидааст. Нодир Мамадов дар интихоботи гузашта нозири интихоботии номзади мухолифин дар ҳамин вилоят будааст. Аҳмад Аҳмадов баъди суоли Радиои Озодӣ дар мавриди иддаъои Нодир Мамадов, гӯшии телефонро билофосила гузоштааст.
XS
SM
MD
LG